Путин консепсияи сиёсати муҳоҷирати Русияро тасдиқ кард

Консепсияи нав “мақсад, принсипҳои асосӣ, вазифаҳо ва самтҳои аслии татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷирати Федератсияи Русия”-ро муайян мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2026-2030-ро тасдиқ кард.
Ҳуҷҷат дар портали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастрас аст.
Консепсияи нав “мақсад, принсипҳои бунёдӣ, вазифаҳо ва самтҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷирати Федератсияи Русия”-ро муайян мекунад.
Муқаррароти асосии ҳуҷҷат:
Шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд кам шавад ва мақомоти давлатӣ будубоши узви оилаи муҳҳоҷиронро, ки кору таҳсил намекунанд, дар Федератсияи Русия маҳдуд кунанд.
Мақомот ба кӯчонидани хориҷиёне, ки арзишҳои анъанавиро арҷ мегузоранд, ба кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия бояд афзоиш ёбад.
Русия барои бозгашти сокинони Донбасс ва Новороссия, ки дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз хонаҳои худ фирор кардаанд, шароит фароҳам хоҳад овард.
Федератсияи Россия шавқу рағбати ҷавонони хориҷиро ба забони русӣ зиёд мекунад.
Татбиқи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва биометрия барои назорати давлатии муҳоҷират дар назар аст.
Барои пешгирии ташаккули анклавҳои этникӣ чораҳо андешида мешаванд.
Корфармоён барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони корӣ, ки ба Федератсияи Русия меоянд, масъул хоҳанд шуд.
Консепсияи нави сиёсати давлатии муҳоҷират ҳуҷҷати кунуниро, ки аз соли 2018 то охири соли 2025 амал мекунад, иваз менамояд.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Путин роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро нишон дод
Сиёсати нави муҳоҷирати Русия бояд боиси коҳиши шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳо дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ноболиғон гардад.