ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Маблағи умумии созишномаҳое, ки дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии "Душанбе Инвест - 2025" ба имзо расид, беш аз 3,1 млрд долларро ташкил дод.
Ин маълумотро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
"Дар рӯзи аввали форуми байналмилалии сармоягузорӣ 26 созишномаи муҳим ба маблағи умумии тақрибан 3 миллиону 120 миллион доллар ба имзо расид", - омадааст дар баёния.
Аксарияти созишномаҳо дар бахшҳои энергетика, саноат ва коммуникатсия имзо шудаанд.
Аз ҷумла, дар бахши энержӣ панҷ созишнома ба маблағи 2,4 млрд доллар, 9 созишнома ба маблағи 386 млн доллар дар саноат ва ба маблағи 333,5 млн доллар дар соҳаи коммуникатсия ба имзо расид.
Ғайр аз ин, чаҳор созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба маблағи қариб 9 млн доллар ба имзо расид.
Аз 14 то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон Форуми байналмилалии "Душанбе Инвест 2025" ҷараён дорад.
Ин чорабинӣ ба як платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои сабз, рушди устувор ва табдили рақамӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.