Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Бортников ошкор кард, ки паси амалиёти "Паутина"-и Украина кӣ меистад

Нерӯҳои Украина амалиёти "Паутина"-ро таҳти роҳбарии Бритониё анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Амалиёти "Паутина"-ро дар остонаи музокироти Русияву Украина дар Истанбул дар моҳи июн, Хадамоти амнияти Украина, зери назорати мустақими Хадамоти кашфи Бритониё анҷом дод.
Дар ин бора, удири ФСБ-и Русия ва раиси Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ Александр Бортников гуфт.
Лондон дастгирии таблиғотӣ карда, дар бораи хисороти гӯё азим ба Русия ва "муаллиф" -и сирф украинӣ будани ин диверсификатсия маълумоти бардурӯғ паҳн кардааст.
Маълумоти мӯътамад мавҷуд аст, ки маҳз таҳти сарпарастии хадамоти иктишофии Бритониё дар Русия ҳамлаҳои террористӣ ва тахрибкорӣ анҷом дода мешавад, гуфт Бортников рӯзи панҷшанбе дар нишасти 57-уми Гурӯҳи махсуси вокуниши фаврӣ дар Самарқанди УзбЕкистон.
"Таҳти назорати мустақими хадамоти иктишофии Бритониё, амалиёти "Тортанак", пеш аз музокироти ҳайатҳои Украина ва Русия дар Истанбул (2 июни соли ҷорӣ) анҷом дода шуд. Бритониё пуштибонии таблиғотии минбаъдаро таъмин кард", — цайд кард Бортников.
Вазорати дифои Русия моҳи июн хабар дод, ки режими Киев бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин бар зидди фурудгоҳҳои вилоятҳои Мурманск, Иркутск, Иваново, Рязан ва Амур ҳамлаи террористӣ анҷом додааст.
Тамоми ҳамлаҳои террористии Киев ба фурудгоҳҳои вилоятҳои Иваново, Рязан ва Амур зада гардонда шуданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Коршинос сухани Трамп дар бораи нақши Эрдуғон дар ҳалли буҳрони Украинаро, шарҳ дод
Оҷонсӣ тавзеҳ додааст, сӯхторҳое, ки бар асари ҳамлаҳои Украина ба фурудгоҳҳои вилоятҳои Мурманск ва Иркутск рух дода буданд, хомӯш карда шуда, талафоте дар пай надошт.