Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Занги Путин ба Раҳмон: Роҳбарони Русия ва Тоҷикистон дар мавриди чӣ суҳбат карданд?

Дар суҳбати телефонии раҳбарони Русия ва Тоҷикистон тадбирҳои муштарак барои рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду кишвар таъкид гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ду рӯз пас аз бозгашташ аз Душанбе раҳбари Русия Владимир Путин ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занг зад.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, дар суҳбати телефонӣ раҳбари Русия аз раисҷумҳури Тоҷикистон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм зимни сафари давлатиаш ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.
Ҷонибҳо ҳамзамон дар н гуфтугӯи телефонӣ ҷанбаҳои алоҳидаи мувофиқаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи минбаъдаи онҳоро мушаххас сохтанд.
“Ҳамчунин натиҷаҳои муҳими Нишасти сарони давлатҳо дар чорчуби “Осиёи Марказӣ — Русия” ва ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки дар Душанбе баргузор гардиданд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Амният, муҳоҷират, тиҷорат: изҳороти калидии Путин пас аз мулоқот бо Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин омодагии худро барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин ба Душанбе аз 8 то 12 октябр ҷараён гирифт.
Зимнан аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.