ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сухангӯии ҳукумати Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид бо иддаои ҷанҷолӣ, созмони иттилооти Покистон (ISI)-ро ба барномарезии инфиҷорҳои террористии Кирмону Маскав, ки соли 2024 сурат гирифт, муттаҳам кард.
Ин иттиҳом, ки дар тазоди комил бо равобити таърихии ду тараф аст, таҳаввули ҷадидӣ дар муодилоти амниятии минтақа маҳсуб мешавад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ахиран дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Афғонистонро аз лавси фитнаи гарон пок карда будем, аммо онҳо дар "Пахтунхво" марокизи ҷадидӣ эҷод карданд; ба фосилаи каменеруҳое барои омӯзиш ба ин марокиз аз Карочӣ ва Исломобод эъзом шуданд.
“Ҳамалот дар Кирмону Маскав аз ҳамин марокизи барномарезӣ шуда буд . Дар Афғонистон низ ҳамалот аз ҳамин марокизи тарҳрезӣ мешаванд ва дар ин робитаи асноде низ мавҷуд аст”, гуфт ӯ.
Ин иддаои ғайримунтазира дар шароитӣ матраҳ мешавад ки равобити Кобул ва Исломобод дар моҳҳои ахир бар сари масоили марзӣ ваҳимояти Толибон* аз гуруҳҳои шӯришӣ, ба шиддат тира шуда буд.
Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
**- гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳо