ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik.Нашрияи “Financial Times” бо истинод ба мудири барномаи дифоӣ ва маркази таҳлилии CNAS навиштааст, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад ба Украина то 50 мушаки “Томоҳок” диҳанд.
"Вашингтон метавонад ба Киев аз 20 то 50 мушаки “Томоҳок” диҳад, ки ба динамикаи ҷанг таъсири ҳалкунанда нахоҳад дошт", - менависад нашрия.
Ба гуфтаи корманди собиқи Пентагон Марк Кансиан, ИМА 4150 чунин мушак дорад.
Бо вуҷуди ин, Вошингтон ба эҳтимоли зиёд имкон дорад, ки Киевро бо чанд дона таъмин намояд. Коршиносон бар ин боваранд, аз 200 мушаке, ки соли 2022 харидорӣ шуда буд, беш аз 120 мушак аллакай истифода шудааст. Ва буҷаи соли 2026 танҳо маблағгузории 57 мушакро ба нақша гирифтааст.
Ғайр аз ин, кайд карда шудааст, ки шояд ба ИМА "барои зарбаҳо бар зидди Венесуэла" чунин силоҳ лозим шавад.
Вазъ атрофи мушаки “Томоҳок”
Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки амалан дар бораи интиқоли мушакҳои болдори амрикоӣ ба Украина тасмим гирифтааст, аммо мехоҳад бифаҳмад, ки Киев аз онҳо чӣ гуна истифода хоҳад кард.
Кремл дар посух гуфт, ки чунин иқдом метавонад боиси шиддат гирифтани вазъ шавад, зеро мушаки “Томоҳок” тавони бурдани кулоҳакҳои ҳастаӣ мебошанд.
Владимир Путин сӯҳбатҳо дар бораи ин силоҳҳоро худнамоишӣ донист. Вай таъкид кард, ки посухи Маскав пурзур намудани падофанди ҳавоӣ хоҳад буд.
Раисиҷумҳур ҳамчунин таъкид кард, ки интиқоли мушакҳои “Томоҳок” ба Украина ба равобити Русияву Амрико халал ворид мекунад ва истифодаи ин мушакҳо бидуни ширкати мустақими низомиёни амрикоӣ ғайриимкон аст.