ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тоҷикистону Фаронса масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ин масъала дар мулоқоти Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Назарзода Ҳабибулло Темур бо Сафири Фаронса дар Душанбе Элза Пинёл баррасӣ шуд.
“Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ширкати истеҳсолкунандаи киштиҳои ҳавоии “Airbus” ва ширкатҳои сармоягузории Ҷумҳурии Фаронса ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ директори Агентии авиатсияи гражданӣ иброз дошт, ки пас аз қабули Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ намудани сиёсати Осмони кушод”, “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба ҳама намуди хизматрасониҳо тахфиф ба роҳ мондааст ва Агентӣ омодааст, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Фаронсавӣ ба воситаи 4 фурудгоҳи кишвар ҳамкорӣ намояд.
Қайд карда шудааст, ки ҳамкориҳоро метавон бо “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, “Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб” ва “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” ба роҳ монда шавад.
Таъкид шудааст, ки баргузории чунин вохӯриҳо ба рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон нақши муассир мегузорад.