Русия квотаи будубоши муваққатии хориҷиён - РВП-ро коҳиш медиҳад

РВП ба муҳоҷирон як қатор бартариҳо медиҳад, аз қабили имкони кор бидуни патент, кафолатҳои иҷтимоӣ барои ҳифзи саломатӣ ва ғайра
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар Русия квотаи будубоши муваққатии хориҷиён - РВП-ро коҳиш доданд.
"Дар соли 2026 барои додани 3802 иҷозаи будубоши муваққатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Русия квота муқаррар карда шавад, ки тибқи замима дар байни субъектҳои таркибии Русия тақсим карда мешавад", — гуфта мешавад дар фармони имзокардаи сарвазир Михаил Мишустин.
Ҳамин тавр, барои соли 2026 ҳукумати Русия ҳамагӣ 3802 квотаи РВП кардааст.
Дар ҳоле, ки соли ҷорӣ 5500 ва дар соли пеш зиёда аз 10 ҳазор иҷозатнома буд.
Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд аст, ки ба онҳо имкон медиҳад дар Русия зиндагӣ ва кор кунанд.
Он ба муҳоҷирон як қатор бартариҳоро пешниҳод мекунад, аз қабили имкони кор бидуни патент, кафолатҳои иҷтимоӣ барои ҳифзи саломатӣ ва ба онҳо имкон медиҳад, ки барои гирифтани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ва баъдан, шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.
Аммо, қонун инчунин имконоти дигари ҳуқуқии будубоши қонунӣ дар кишварро пешбинӣ мекунад, аз ҷумла сафари бидуни раводид ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - ИИАО ва ИДМ.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Путин роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро нишон дод
Иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) барои се сол дода мешавад. Он ба хориҷиён имкон медиҳад, ки қонунан дар Русия кор кунанд. Пас аз ба охир расидани мӯҳлати иҷозатнома тамдид карда намешавад; шаҳрванди хориҷӣ бояд ё иҷозатномаи истиқомати доимӣ гирад ё кишварро тарк кунад.