ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, интиқоли эҳтимолии мушакҳои Томагавк ба Украина метавонад барои ҳама ва пеш аз ҳама барои худи президенти ИМА Доналд Трамп бад анҷом ёбад.
"Трамп гуфт, ки агар раисҷумҳури Русия низои Украинаро ҳал накунад, ин барои ӯ бад анҷом меёбад. Бори 101 аст, ки таҳдид мекунад. Агар "тоҷири сулҳҷӯ" Томогавкро дар назар дошта бошад, пас ин ибораи нодуруст аст. Интиқоли ин мушакҳо метавонад барои ҳама бад анҷом ёбад ва аз ҳама муҳимаш бораи худаш Трамп”, - гуфт Медведев.
Дмитрий Медведев изҳори умедворӣ кард, ки изҳороти Доналд Трамп, дар бораи интиқоли эҳтимолии мушакҳои "Томагавк" ба Киев танҳо як таҳдиди дигари холӣ боқӣ мемонад.
"Танҳо умедвор шудан мумкин аст, ки ин боз як таҳдиди хушку холӣ аст, ки музокирот бо як масхарабози нашъаманд тӯл кашидааст. Мисли фиристодани киштиҳои зериобии ҳастаӣ ба Русия. Хуб, шумо медонед, ки ин кор чӣ гуна аст: як киштии зериобӣ дар даштҳои Украина рӯи об мебарояд", - навиштааст Медведев.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфтааст, ки агар мушакҳои "Томагавк" ба Украина интиқол дода шаванд, онро Киев не, Иёлоти Муттаҳида партоб хоҳад кард.
"Сад бор ба тарзе, ки ҳатто барои одами ситорагарм фаҳмо гуфта шудааст, ки фарқ кардани мушаки ҳастаии "Томагавк" аз мушаки муқаррарии дар ҳоли парвоз ғайриимкон аст. Онҳоро Киев не, Иёлоти Муттаҳида партоб хоҳад кард. Бихонед: (Президенти ИМА) Трамп. Русия бояд чӣ гуна посух диҳад?”, - навиштааст Медведев.
Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти ИМА Доналд Трамп гуфта буд, ки агар муноқиша дар Украина ҳал нашавад, Вашингтон мушакҳои "Томагавк"-ро ба Киев интиқол медиҳад.