ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Коршиноси масоили сиёсӣ аз Амрико, профессори Донишгоҳи Чикаго Ҷон Миршаймер дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор дошт, ки НАТО шикаст мехӯрад агар Русия дар амалиёти вижаи низомӣ пирӯз шавад.
"Русҳо ҳатман пирӯз хоҳанд шуд. Ин як шикасти таҳқиромез барои раҳбарони НАТО ва ё кишварҳои аврупоие, ки мо медонем, хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Қаблан мақомоти баландпояи Русия борҳо НАТО-ро дар ширкати қавӣ дар даргириҳои мусаллаҳона дар Украина муттаҳам карда буданд. Аз ҷумла, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, қайд кард, ки ҳама гуна интиқолҳои бор аз кишварҳои Ғарб ба Украина, ҳадафи қонунии артиши Русия хоҳанд буд.
Тибқи гузориши вазорати дифоъ, тайи 24 соати гузашта нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба иншооти инфрасохтори сӯзишворӣ ва энергетикӣ, ки маҷмааи низомиву саноатии Украинаро таъмин мекунанд, зарба заданд.