ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи муовини волии вилояти Курск Артем Демидов хабар дод, ки аз 122 деҳаи беш аз 80-тои он дар навоҳии наздимарзии вилояти Курск пурра аз минаҳо поксозӣ шуданд.
"Ҳафтаи гузашта аз 122 деҳаи дигар, ки барои поксозии ҳамаҷониба пешбинӣ шуда буд, ду деҳаи дигар аз минаҳо пок карда шуд. Аз ин рӯ, то имрӯз 84 деҳа аз минаҳо пурра поксозӣ шудаанд", - гуфт Демидов зимни нишасти хабарии ҳукумати вилоят.
Вай тавзеҳ дод, ки феълан дар ҳашт маҳаллаи аҳолинишин корҳои безараргардонии минаҳо идома доранд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 22 май дар мақомдоронро вазифадор кард, ки барои сокинони маҳалӣ тамоми шароити зарурӣ ва кофӣ фароҳам оварда шавад, то онҳо ҳарчи зудтар ба хонаҳои худ дар вилояти Курск баргарданд.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина, 6 августи соли 2024 ба вилояти Курски Русия ҳамла карданд. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина марзи Русияву Украинаро убур карда, дар вилояти Курск амалиёти ҷангиро оғоз карданд.
Дар ҷараёни ин амалиёт нерӯҳои мусаллаҳи Украина даҳҳо маҳаллаи аҳолинишинро таҳти контрол гирифтанд ва артиши Русия. Танҳо 25 апрели соли равонн раиси итоди кулли Русия эълом кард, ки Курск пурра аз нерӯҳои украинӣ озод карда шуд. Дар ин амалиёт артиши Украина беш аз 74 ҳазор сарбозаш, беш аз 400 тонк ва тақрибан ҳазор техникаҳои гуногуни ҷангиро аз даст дод.