Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Анҷоми сафари президенти Русия дар Тоҷикистон: Путинро Раҳмон шахсан гусел кард

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 8 октябр вориди Душанбе 12 октябр пойтахти Тоҷикистонро тарк кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Сафари давлатии кишвардори Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмонро самимона гусел намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои гусели раисҷумҳури Русия майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва аксҳои сарони ду давлат ороста шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Роҳрави сурх ва ороишоти гулгун густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд, афзуд манбаъ.
"Президенти Русия Владимир Путин баъд аз анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз шаҳри Душанбе бозгашт намуд", - гузориш дод хадамоти матбуотӣ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Ёдрас мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Бо қолини сурх: Путинро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд? Гузориши аксӣ
Кишвардор дар доираи сафари худ дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Русия ва нишасти кишвардорони ИДМ ширкат кард.