Нерӯҳои танкии Русия барои дифоъ аз ҳавопаймоҳои бесарнишини душман ба истифода аз "медуза"-и зидди дрон шурӯъ карданд.
Дар ин бора ба РИА Новости як низомии рус, тупчӣ-оператори артиши 51-уми ҳавзаи низомии ҷанубӣ, ки ба манфиати гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" фаъолият мекунад, хабар дод.
"Медуза" - силоҳи муассир аст. Он аз озмоиш гузаштааст ва хуб кор мекунад. Дар аввал, вақте ки дронҳои камикадзе пайдо шуданд, танкҳоро бо оҳан кафшер мекарданд. Аммо ин вазни изофӣ медод ва бинишро хира мекард, дар гардиши манораҳо мушкилот ба бор меовард. Баъдан мутахассисони мо онро такмил дода, инро ихтироъ карданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, "медуза" миқдори зиёди ноқилҳои филизӣ аст, ки дар атрофи танк овезон шуда, аз ҳавопаймоҳои бесарнишини душман дифоъи вентиляторшакл эҷод мекунанд.
Низомӣ тавзеҳ дод, ки ба далели ҳаракатпазирии ноқилҳо гардиши манораи танк маҳдуд намешавад ва иқтидори биниш низ нигоҳ дошта мешавад.