Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Коршинос: Фазои Тоҷикистон барои суҳбати Путин ва Алиев мусоид буд

Сиёсатшинос бовар дорад, ки Путин дар сӯҳбат бо Алиев кӯшиш кард, то ҳадди имкон ба мавзуъҳои мушкили мавҷуда таваҷҷӯҳ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон вазъият ба сурати умум барои гуфтугӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва кишвардори Озарбойҷон Илҳом Алиев мусоид буд.
Мудири бахши Осиёи Марказии Маркази пажӯҳишҳои пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия, Станислав Притчин, ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард.
Ба гуфтаи ӯ, нишасти сарони кишварҳои ИДМ ҳамеша имкони баҳсҳои ғайрирасмист.
"Гарчанде ки вазъ дар Тянҷин барои гуфтугӯ чандон мусоид набуд, дар Тоҷикистон мо дидем, ки фазо барои мулоқот мусоид аст",- гуфт коршинос.
Вай ҳамчунин аз занги Алиев ба Путин ёдовар шуд, ки ӯро бо зодрӯзаш табрик кард.
Аз ин рӯ, ҳама чиз дар ин ҷо тавре кор кард, ки монеаҳое, ки қаблан ба робитаҳои комил дар сатҳи олӣ садди роҳ мешуданд, аз байн рафтанд, бовар дорад Притчин.
Ба гуфтаи вай, Путин дар маҷмӯъ саъй кардааст, то ҳадди имкон дар сӯҳбати ошкоро бо Алиев ба мавзуъҳои мушкили мавҷудбуда ва сабаба ба вуҷуд омадани онҳо, тамаркуз кунад.
"Мо аллакай кӯшишҳои аввалин, натиҷаҳои аввалини эътидолро мушоҳида карда истодаем. Аввалин нишонаҳо озодии сардабири Sputnik Озарбойҷон ва яке аз озарбойҷонҳои дар Русия бо иттиҳоми фасод боздоштшуда аст", - афзуд сиёсатшинос.
Чораи тафтишотӣ нисбати раҳбари Sputnik Озарбойҷон иваз карда шуд
Кишвардорони Русия ва Озарбойҷон Владимир Путин ва Илҳом Алиев дар ҳошияи нишасти сарони ИДМ дар Душанбе мулоқот карданд.
Мавзӯи сӯҳбати онҳо суқути ҳавопаймои AZAL дар моҳи декабри соли гузашта буд.
Раисиҷумҳури Русия ба хонаводаҳои кушташудагон дар суқути ҳавопаймои AZAL изҳори ҳамдардии амиқ кард.