Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Суханронии Путин дар нишасти ИДМ: пахши мустақим

Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти сарони ИДМ дар Душанбе суханронӣ кард
Sputnik
Дар Душанбе нишасти раҳбарони кишварҳои ИДМ ҷараён дорад
Дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Русия Владимир Путин, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев ширкат доранд.
Интизор меравад, ки кишвардорони ИДМ масъалаҳои мубрами рузномаи ҷаҳонӣ, ИДМ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд.
Ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки соли 2025 раёсати ИДМ-ро бар ӯҳда дорад, баргузор мешавад.
Суханронии пурраи Путин дар пайи гуфтугӯ бо Раҳмон дар Душанбе: Видео
Аз 1 январи соли ҷорӣ раёсати ниҳодҳои Иттиҳод ба Тоҷикистон гузашт ва Русия ва Туркманистон ҳамраис шуданд.