Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Путин гуфт, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон кафили амнияти Осиёи Марказӣ аст

Президенти Русия Владимир Путин дар ҷамъбасти сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ва нишасти сарони кишварҳои ИДМ ба суолҳои рӯзноманигорон посух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин Тоҷикистонро шарики муҳими Русия номид.
Бо чунин изҳорот, Путин дар ҷамъбасти сафари давлатии худ ба Душанбе сӯҳбатро бо рӯзноманигорон оғоз кард.
"Тоҷикистон барои мо шарики муҳим аст. Дар маҷмӯъ муҳим ва дар Осиёи Марказӣ муҳим аст", - гуфт раисиҷумҳури Русия.
Путин изҳор дошт, ки тасодуфӣ нест, ки Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад ва дар онҷо марзбонон кор мекунанд – инҳо масъалаи амнияти Русия низ ҳастанд.
Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон кафили амнияти Осиёи Марказӣ аст.
"Бо вуҷуди он ки мо марзи муштарак надорем, ин барои амнияти Русия ҳоло ҳам ниҳоят муҳим аст. Тасодуфан нест, ки марзбонони мо то ҳол дар ин ҷо хидмат мекунанд... Хадамоти марзбонии мо дар ин ҷо ҳузур дорад, дар иртибот бо ҳамкорони мо. Ва пойгоҳи низомии мо дар ин ҷо ҷойгир аст", - гуфт раҳбари Русия.
Президент қайд кард, ки ҳукумати ҳозираи Афғонистон барои муътадил гардондани вазъияти мамлакат тамоми кори аз дасташ меомадагиро мекунад, вале мушкилоти бисёре ҳастанд ва худи ҳукуматдорони Афғонистон инро эътироф мекунанд.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи Путин, марзи Тоҷикистону Афғонистон бояд амн бошад.
Русия ва Тоҷикистон саъй доранд самаранокии пойгоҳи 201-умро афзун кунанд
Путин ҳамчунин аз равобити башардӯстона бо ин ҷумҳурӣ таъкид кард ва изҳор дошт, ки Русия шароит барои фаъолияти филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистонро беҳтар хоҳад кард.
Путин ҳамчунин ба ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар заминаи энержӣ ва истихроҷи маъданҳо ёдовар шуда, Тоҷикистонро яке аз пуриқтидортарин кластерҳои гидроэнергетикӣ номид. Вай гуфт, ки ин тарҳҳо барои иқтисоди ҳарду кишвар манфиатдор аст.
Президенти Русия Владимир Путин бо сафари серӯзаи давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар ин муддат дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои ИДМ ва нишасти сарони давлатҳо дар формати Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор шуд.