ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олӣ дар нишасти матбуотӣ суханронӣ кард.
Раҳмон изҳор дошт, ки гуфтугӯҳо пурмазмун ва созанда буда, дар ҷараёни он доираи васеи масъалаҳо баррасӣ шуданд.
“Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”, - изҳор доштанд дар оғози музокирот.
Дар идома Раҳмон зикр намуд, ки “мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, дар бахши амният ҳамкории наздик дорем”.
Изҳороти Раҳмон дар нишасти хабарӣ
Муколамаи мо сатҳи баланди равобити Русия ва Тоҷикистонро тасдиқ мекунад,
Русия ва Тоҷикистон аз ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ ҷонибдорӣ мекунанд,
Ҳудуди 80 субъекти Федератсияи Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ доранд,
Русия ва Тоҷикистон ба афзоиши гардиши мол, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак манфиатдор ҳастанд,
Тоҷикистон аз кумаки Русия дар бунёди Маркази кӯдакони лаёқатманд ва Театри ба номи Маяковский дар Душанбе изҳори сипос мекунад,
Дар мулоқоти Русия ва Тоҷикистон ба масоили амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд,
Ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст,
Дар пайи ин музокирот миёни Русия ва Тоҷикистон як бастаи муҳими созишномаҳо роҷеъ ба бахшҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар хусолаи нишасти матбуотӣ президенти Тоҷикистон гуфт, муътақид аст, ки натоиҷи музокирот бо Путин ба ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон такони тоза хоҳад дод.