ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ёвари раисиҷумҳури Русия Юрий Ушаков ба хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни сафари давлатии раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон имзои 15 санади муштарак дар соҳаҳои гуногун дар назар аст.
Вай гуфт, ки сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон аз 8 то 10 октябр идома хоҳад кард.
Дар ҷадвали раҳбари Русия чорабиниҳо дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ ва ҳамчунин ширкат дар нишасти дуввуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар назар аст.
Ба гуфтаи Ушаков, дар ҷадвали сафари давлатӣ мулоқоти як ба яки Путин бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дидору мулоқот бо як қатор роҳбарони дигар давлатҳо ба нақша гирифта шудааст.
"Табодули асноди имзошуда дар ҳузури раҳбарон сурат хоҳад гирифт. Дар маҷмӯъ ҳудуди 15 сандаи нави ҳамкорӣ бояд имзо шавад. Аз ҷумла созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои тиҷорат, муҳоҷират, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва ғайра дар бар мегиранд", — гуфт Ушаков дар брифинг.
Оқои Ушаков махсус таъкид кард, ки дар музокироти ҳайатҳои Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе масоили муҳоҷират баррасӣ мешавад.
"Масъалаҳои муҳоҷират баррасӣ мешаванд. Тавре ки шумо пай бурдаед, ман аз вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ёдовар шудам", - гуфт Ушаков.
Вай афзуд, ҳудуди 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд.
"Ин тақрибан 16% тамоми хориҷиёне, ки дар бозори мо кор мекунанд, мебошад. Боз як рақами ҷолиб: интиқоли пул аз шаҳрвандони тоҷик, ки ба Ватан равон мекунанд, дар соли 2024 беш аз 1,8 миллиард долларро ташкил дод, ки 17% ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ин як ҷанбаи хеле муҳими ҳамкориҳои ду кишвар мебошад", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Юрий Ушаков, табодули мол дар соли 2024 беш аз 7% афзуда, ба 1,9 млрд доллар ва дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба 1,4 млрд доллар расид.
"Ҳаҷми ҷамъшудаи сармояи мо 500 млн долларро ташкил медиҳад", - қайд кард ёвари президенти Русия.
Ёвари раисҷумҳури Русия дар бораи мавзуъҳое, ки дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баррасӣ мешавад хабар дод.
Вай гуфт, раҳбарони ду кишвар бо дарназардошти авзоъ дар Ховари Миёна ва Афғонистон масоили амнияти минтақаро дар ҳамоиши Русия ва Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳанд кард.
Ушаков гуфт, "ба таъмини амнияти минтақа бо дарназардошти авзоъ дар Афғонистон ва Ховари Миёна таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад".
"Баъд аз табодули афкор дар назар аст, ки баёнияи ниҳоӣ аз нишасти дуввуми сарони давлатҳо қабул шавад. Ин як санади бузург аст ва аз беш аз 20 банд иборат мебошад, ин санад ҳадафҳои муштаракро дар самтҳои мухталиф дарбар мегирад ва ба таҳкими шарикии стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, таъмини амният ва таҳкими беҳбудии мардумони кишварҳо равона шудааст”, таъкид кард Ушаков.
Ёвари раисҷумҳури Русия дар бораи нишасти сарони ИДМ низ азҳори назар кард вай гуфт, ки дар нишасти Душанбе раҳбарони ИДМ тасмим хоҳанд гирифт, ки Раёсати ИДМ дар соли 2026 ба Туркманистон гузарад.
Дар нишасти Душанбе раҳбарони ИДМ ҳамчунин кори имсолаи созмонро ҷамъбаст карда, ҳадафҳои ояндаро муайян мекунанд, гуфт ёвари президенти Русия.