ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи Пленуми чордаҳуми Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва анҷумани чоруми ғайринавбатии он баргузор шуд.
Дар он ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Белорус, Қирғизистон ва Русия иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори муассисаи давлатии "Мададгори мудофиа"-и Вазорати дифоъ, генерал-майор Абдулмумин Давлатзода дар ин ҷаласа ширкат намуд, хабар медиҳад Вазортаи дифоъи Тоҷикистон.
Дар ин ҷаласа раиси ДОСААФ-и Русия Денис Добряков раиси Шӯрои Марказии ДОСААФ-и ИДМ интихоб гардидааст.
Иштирокдорони муҳтаво ва самтҳои асосии кори тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавононро бо назардошти таҷрибаи Ӯзбекистон, масъалаҳои гуногунии шаклҳо ва усулҳои пурсамари омодасозии мутахассисон барои сохторҳои қудратӣ ва хоҷагии халқро муҳокима намудаанд.
"Имрӯз вазифаи асосӣ - ин мукаммал намудани заминаи моддӣ-техникӣ, рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ ва омода сохтани варзишгарони бомаҳорат ба шумор меравад", - гуфта шудааст дар ҷаласа.
Таъкид шудааст, ки дар шароити имрӯза зарур аст, дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, шаклҳои навро барои вусъати ҳамгироӣ ва робитаи барои тарафайн судманд дарёфт кард.
Зимни ин ҷаласа ҳамчунин, натиҷаҳои фаъолияти созмонҳои мудофиавии ИДМ дар самти таҷлил аз 80-солагии Ғалаба, инчунин омодагӣ ба таҷлили 100 солагии таъсисёбии ДОСААФ – и ИДМ дар соли 2027 баррасӣ гардидаанд.
Имрӯз дар сафҳои худ созмонҳои мудофиавии ИДМ зиёда аз 9 миллион нафарро муттаҳид мекунад.