Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Белоусов иншооти низомии Русияро дар Тоҷикистон месанҷад

Вазири дифои Русия бо раҳбарияти низомиву сиёсии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Вазири дифои Русия Андрей Белоусов вориди Душанбе шуд.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар дод.
"Андрей Белоусов аз иншооти зерсохтори низомии вазорати дифои Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгиранд, боздид хоҳад кард. Музокирот бо раҳбарияти низомию сиёсии ин кишвар низ дар назар аст", - омадааст дар хабари вазорат.
Дар фурудгоҳи Душанбе Белоусовро вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ва сардори Ситоди генералӣ Бобоҷон Саидзода истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад хабаргузории ТАСС.
Тибқи иттилои расмӣ, Пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳр: Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Риёзиёти муносибатҳои Русияву Тоҷикистон
Қаблан ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хабар дода буд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзҳои 8-9 октябр бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Ушаков шарҳ дод, ки Путинро як ҳайати намояндагӣ ҳамроҳӣ хоҳад кард.