Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Таътили иҷборӣ: Бозору масҷидҳои Душанбе барои 6 рӯз баста мешаванд

Мақомот эълон кардааст, ки бинобар баргузор гардидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣбозору масҷидҳои пойтахт муваққатан баста мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки 12 октябр, фаъолияти бозорҳои "Корвон", "Кӯшониён", "Меҳргон" (ба истиснои нуқтаҳои фурӯши маводи хурокворӣ), инчунин марказҳои савдои "Панҷшер", "Ганҷина" ва "Садбарг" муваққатан қатъ мегарданд.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки аз 7 то 12 октябри соли ҷорӣ, баргузории намозҳои ҷамоатӣ дар масҷидҳои "Мавлоно Яъқуби Чархӣ", "Сари Осиё", "Абӯ Ҳанифа", "Ҳоҷӣ Исматулло" ва аз санаи 8-ум то 12-уми октябр масҷиди ба номи "Эмом-ал-Бухорӣ" муваққатан мавқуф гузошта мешаванд.
Лағви муваққатии баргузории намоз дар масҷидҳои Душанбе
Сабаби ин ин басташавии бозору масҷидҳоро Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба баргузори чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, рабт додааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои зикршуда, бе заруратҳои ҷиддӣ, аз сафар ва воридшавӣ ба шаҳри Душанбе худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳамин ниҳоди давлатӣ хабар дода буд, ки дар пойтахти кишвар аз санаи 8-ум то 12-уми октябри соли равон бино бар ташрифи меҳмонони зиёд аз хориҷи кишвар ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри рафтуомади меҳмонон маҳдуд мегарданд.
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе ба сокинон: Аз 8-ум то 12-уми октябр дар роҳҳо камтар ҳаракат кунед
Аз ронандагон хоҳиш карданд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ, аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиётҳои ҷамъиятӣ истифода намоянд.
Бояд қайд кард, ки 10 октябр дар Душанбе ҷаласаи сарони ИДМ баргузор мегардад, ки дар он қарорҳои муҳим дар бораи рушди ҳамкориҳои кишварҳои узв қабул карда мешавад.
Ҳамзамон, дар ин рӯзҳо мулоқоти сарони давлатҳо дар шакли "Осиёи Марказӣ – Русия" низ баргузор мешавад. Як рӯз қабл, 9 октябр, Президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рӯзмарраи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуда, ҳамчунин дар анҷумани "Осиёи Марказӣ – Русия" ширкат мекунад.
Ҷаласаи охирини Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 8 октябри соли 2024 дар шаҳри Москва баргузор шуда буд.
Аввалин анҷумани "Осиёи Марказӣ – Русия" соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор гардида, марҳилаи муҳим дар густариши ҳамкориҳои минтақавӣ гардид.