ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз густариши бештари муколамаи байнидавлатии ду кишвар истиқбол карданд.
Дар ин бора дар як гуфтугӯи телефонии раҳбарони Русия ва Тоҷикистон таъкид шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик гуфта, саҳми арзандаи ӯро дар таҳкими дӯстӣ ва шарикии ду кишвар таъкид кардааст.
"Дар оғози сӯҳбат раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбари Русияро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, орзуҳои беҳтарин ва самимии худро баён кард", — хабар додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар
Зимни суҳбати дӯстона сарони ду давлат аз идомаи муколамаи байнидавлатӣ истиқбол карданд.
Ҳамчунин рӯзномаи мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сатҳи баланд дар Душанбе баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 октябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад, ки дар он тасмимҳои муҳим барои рушди ҳамкориҳои кишварҳои узв қабул мешаванд.
Дар ҳамин рӯзҳо ҳамзамон мулоқоти сарони давлатҳо дар шакли "Осиёи Марказӣ-Русия" баргузор мешавад.
Як рӯз пеш, 9 октябр, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Вай бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ мекунад ва дар ҳамоиши зикршуда низ ширкат хоҳад кард.