Раҳбари Бошқирдистон ба Душанбе меояд

Радий Хабиров раҳбари Бошқирдистон эълон кардааст, ки бо як ҳайат бо сафари давлатӣ ба пойтахти Точикистон сафар хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раҳбари Бошқирдистон Радий Хабиров дар ҳайати ҳукуматӣ бо як сафари дурӯзаи корӣ ба Душанбе сафар мекунад, иттилоъ додааст "Башинформ".
Раҳбари Бошқирдистон дар бораи сафараш рӯзи 6 октябр дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳуриаш хабар додааст.
"Дар он ҷо мо як қатор лоиҳаҳо дорем, ки бояд оғоз шаванд. Ман сари онҳо кор дорам", - гуфт Радий Хабиров.
Раҳбари Бошқирдистон зимни суханронӣ дар як ҷаласа изҳор дошт, ки қаблан як ҳайат таҳти роҳбарии нахуствазир Андрей Назаров дар Душанбе корҳои пешакӣ анҷом дода буд.
“Дар натиҷаи мулоқотҳо оид ба як қатор самтҳои ояндадор созиш ҳосил шуд”, - қайд кард Хабиров.
Радий Хабиров тавзеҳ дод, ки сафари дурӯзаи ӯ ба Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобиларо идома дода, ба татбиқи ташаббусҳои мушаххас, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ тамаркуз хоҳад кард.
Сарвазири Бошқирдистон ба Тоҷикистон омад: ҳадафи сафар
Сарвазири Бошқирдистон Андрей Назаров пас аз бозгашташ аз Душанбе ёдовар шуд, ки ҷумҳуриаш бо Тоҷикистон аз соли 1998, замоне, ки Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расид, ҳамкорӣ доранд.
"Бошқирдистон бо беш аз 110 кишвари ҷаҳон равобити тиҷорӣ дорад. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар гардиши тиҷорати хориҷии мо дар ҷои 15-ум қарор дорад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Бошқирдистон бо Тоҷикистон иқтидор ва имконоти бузург мавҷуд аст.