ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо қарори худ истифодаи электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ то соли 2030 манъ кард.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
“Фаъолияти электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ, ба истиснои воситаҳои сайёри инфиродии ба қайди давлатӣ гирифташуда дар роҳҳои автомобилгард ва пиёдагарди ҳудуди шаҳри Душанбе, ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда то соли 2030 муваққатан манъ карда шуд”, - таъкид кардааст шаҳрдории Душанбе.
Шаҳрдорӣ ҳадаф аз ин тасмим бенизом будани фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо, зиёд шудани садамаҳо бо иштироки онҳо ва халал расондан ба ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон будааст.
Ҳамчунин шаҳрдорӣ қайд кардааст, ки манъи ин намуди нақлиёт ба хотири риоя накардани талаботҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ аз сӯи истфодабарандагон, сурат гирифтааст.
Шаҳрдорӣ зикр кардааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард то фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохтори ин иқдом зарурӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш пулиси Душанбе дар пайи як амалиёти 10 рӯзаи “Тасмаи бехатарӣ” ва “Скутер” дар пойтахт беш аз 1 ҳазору 300 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки 60 ронандаи дучарха ва скутерҳои барқӣ барои қоидавайронкунии ҳаракати роҳ ҷарима шудаанд.
Нисбати беш аз 60 ронандаи дучарха ва скутери барқӣ, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон кардаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҷаримагоҳи муваққатӣ дастрас карда шуданд.
Раёстаи ВКД дар пойтахт гуфтанд, ки нисбати ронандагони дучарха ва скутер бо далелҳои гуногуни қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
Ҳамчунин ин ниҳод гфта буд, ки давоми соли равон дар Тоҷикистон дар пайи 140 садамаи “мототсикл”-у “скутер”-ҳо 51 тан ҷон бохта, 122 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.