Раҳпаймоии миллион нафар ба ҳимоят аз Фаластин дар Рум: видео

Раҳпаймоӣ барои пуштибонӣ аз Фаластин чанд километр тӯл кашид ва ширкаткунандагон талаб карданд, ки ба наслкушӣ дар навори Ғазза хотима бахшида шавад
Sputnik
Дар пойтахти Италия барои пуштибонӣ аз Фаластин роҳпаймоӣ баргузор шуд, ки ҳазорон нафарро ба ҳам овард. Дар ин бора мухбири РИА Новости хабар дод.
Қатори намоишчиён аз майдони бо пирамидаи кадимии Тсестий ба суи Колизей ва Майдони Сан-Чованни дар Латерано ҳаракат кард.
Қатори одамоне, ки ба эътироз ҳамроҳ шуданд, 2 километр тул кашидааст. Онҳо бо шиорҳои "Ҳамкорӣ бо Исроилро бас кунед, бар зидди истило ва наслкушӣ мубориза баред" роҳпаймоӣ карданд.
Созмондиҳандагони раҳпаймоӣ иддао кардаанд, ки як миллион нафар ширкаткунандаанд.
Раҳбарони раҳпаймоӣ ба “интифодаи нав” ва “бас кардани наслкушӣ” дар навори Ғазза даъват карданд.
Тоҷикистон аз қатъномаи СММ дар бораи таъсиси давлати Фаластин пуштибонӣ кард
Тафсилоти эътирози густарда дар Румро аз видео тамошо кунед.