ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи омӯзгор 193 муаллиму мураббии шаҳри Душанбе бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси шаҳри Душанбе гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мукофотпулӣ, дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар арафаи Рӯзи омӯзгорон тақдим шудааст.
Ҳамин тавр, ба 193 нафар мураббиёну омӯзгорони пойтахт, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ба қадри 3000 сомонӣ мукоофт дода шуд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии мураббиён ва омӯзгорон, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа амалӣ гардидааст.
Ногуфта намонад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.
Имсол ин рӯз ба 5 октябр рост омад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”, аз ҷониби маҷлиси ҳукумат маъқул дониста шуд.
Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи ин қонун, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар баҳри онҳо мебошад.