ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Тоҷикистон яке аз шарикони наздиктарини Русия боқӣ мемонад, ки ин бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи геополитикӣ махсусан муҳим аст.
Дар ин бора, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар мусоҳиба бо торномаи "Рӯзгор" гуфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, сафари дарпешистодаи Путин нишонаи баҳои баланд ба нақши Душанбе дар таъмини амнияти минтақа аст.
"Дар ин замина, махсусан қобили таваҷҷуҳ аст, ки он дар пайи нишасти муваффақи СҲШ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тянҷини Чин баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он кишварҳои узв, аз ҷумла Русия ва Тоҷикистон аҳамияти амнияти дастаҷамъӣ, рушди иқтисодӣ ва амиқтар шудани ҳамгироӣ дар Осиёи Марказиро бори дигар таъкид карданд", - гуфт сафир.
Ба ақидаи сафир, натоиҷи сафари Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Маскав, пеш аз ҳама, нишондоди устувории равобити Русияву Тоҷикистон аст.
Мавзӯъҳои асосии мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки он вақт баргузор шуданд, – ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоъӣ, сиёсати муҳоҷират, иқтисод ва сармоягузорӣ, маориф ва ҳамкориҳои башардӯстона – имрӯз ҳам муҳим боқӣ мемонанд.
Эҳтимолияти зиёд дорад, ки дар моҳи октябр ба такмили созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ва муҳокимаи дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳоямон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба масъалаи Афғонистон аҳамияти хоса медиҳанд ва қасд доранд тавонмандии пойгоҳи низомии 201-уми Русияро тақвият бахшанд, гуфт Семён Григорев.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки ҳадафи афзоиши гардиши молро метавон дар ояндаи наздик, аз ҷумла тавассути ҳамкорӣ бо ИИАО амалӣ кард.
Владимир Путин рӯзи 9 октябр бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон раҳбари Русия дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити "Русия-Осиёи Марказӣ" ширкат хоҳад кард.