ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Аксари бозорҳо ва марказҳои савдои Душанбе муваққатан баста мешаванд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки басташавӣ се рӯз, аз 8 то 10 октябр идома хоҳад кард.
Ин тасмим дар робита ба нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Кадом бозору марказҳои савдо дар Душанбе баста мешаванд?
Ҳамин тавр, давоми се рӯз ворид шудан ба бозорҳои "Корвон", "Корвон-плюс", "Ховарон", "Автобаза 2729", "Кӯшониён", "Фаровон" ва "Балх", инчунин, марказҳои савдои "Панҷшер", "Ганҷина", "Садбарг", "Файёз-2015", "Кавсар" ва "Варзоб" ғайриимкон мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти меҳмонон ва ҷилавгирӣ аз ҷамъшавии мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гирифта шудааст.