Дар Тоҷикистон низоми суғуртаи электронӣ ҷорӣ мешавад

Акнун ронандагони воситаҳои нақлиёт имкон пайдо мекунанд то ба таври электронӣ мошинҳои худро суғурта кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон оғоз аз 22 октябр, низоми суғуртаи электронӣ ҷорӣ мешаад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Санҷиши мавҷудияти полиси суғурта дар портали суғуртавии БМТ аз рӯйи рақами давлатии бақайдгирии воситаи нақлиёт имконпазир аст.
Манбаъ таъкид карда, ки бо назардошти ҷузъиёти техникӣ қисме аз бимаҳои амалкунандаи суғурта дар баъзе мавридҳо дар низом инъикос намеёбанд.
Барои ҳалли ин масъала Telegram-канали расмӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳолати муваққатан мавҷуд набудани маълумот соҳибони воситаҳои нақлиёт метавонанд тавассути аксгирӣ полиси суғуртавияшонро ба мессенҷери Telegram ба рақами +992 177 99 39 39 ирсол намоянд.
"Маълумоти фиристода ҳамарӯза ба ташкилоти суғуртавӣ ирсол карда шуда, дар муддати 10 рӯз ба Низоми ягона ворид мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки то пурра ворид гардидани ҳама полисҳои амалкунанда ба "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ" нисбат ба соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ронандагон ҷарима татбиқ намегардад.
Ҳангоми пайдо гардидани саволҳо ва мушкилот шаҳрвандон метавонанд ба маркази тамоси "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ"-и БМТ бо рақамҳои кӯтоҳи 3939 ҳамарӯза аз соати 08:00 то 20:00 муроҷиат намоянд.
Рақамикунонӣ, тарбияи иқтисоддонон ва имтиёзҳо барои омӯзгор: дастурҳои Раҳмон ба масъулин
Бонки миллии Тоҷикистон соҳибон ва ронандагони воситаҳои нақлиётро даъват менамояд, ки полисҳои худро санҷида, дар ҳолати зарурӣ маълумотро барои воридкунии саривақтии онҳо ирсол намоянд.
Ҳадафи асосии фаъолияти "Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ" рақамикунонӣ ва ҳамгироии равандҳо дар низоми суғурта буда, ба шаффофият, батанзимдарорӣ, назорати сифатнок ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд, гуфтааст манбаъ.