Нархи талоқ ва ивази ному насаб дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад

Як моҳ пас дар Тоҷикистон нархи талоқу иваз намудани ному насаб ду баробар гарон мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Нархи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад.
Ин навгонӣ бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи боҷи давлатӣ, ки ахиран раисҷумҳур имзо кард, амалӣ мешавад.
Ҳамин тавр, барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси:
аризаи яке аз ҳамсарон ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,
дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,
дар асоси ҳалномаи суд - ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷ ситонда хоҳад шуд.
Тағйироти ҷадид як моҳ пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд. Айни ҳол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, боҷ барои иваз намудани ному насаб дар Тоҷикистон тақрибан як моҳ пас ду баробар боло меравад.
Дар Тоҷикистон издивоҷ бештару талоқ кам шудааст
Тибқи тағйирот барои бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар боҷ ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонда хоҳад шуд.
Ин рақам феълан 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад. Соли ҷорӣ як нишондиҳанда муодили 75 сомонӣ мебошад.
Ин тағйироти ҷадид низ, як моҳ пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.