Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи пленарии 22-юми солонаи Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" суханронӣ мекунад.
Мавзӯи чорабинӣ "Ҷаҳони полисентрӣ: дастур барои корбарӣ" мебошад.
Ҷаласаи клуби "Валдай" аз 29 сентябр то 2 октябр дар Сочи баргузор мешавад.
Путин аз замони таъсисаш ба таври анъанавӣ бо иштирокдорони клуб мулоқот карда, маъмулан суханронии густурда карда ва сипас ба саволҳои коршиносон посух медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 нишасти ин клуб дар Сочи низ баргузор шуда буд.
Мавзӯи он "Сулҳи пойдор - дар чӣ асос? Амнияти умумӣ ва имкониятҳои баробар барои рушд дар асри XXI" буд.
Путин дар суханронии худ изҳор дошт, ки намехоҳад Русия ба роҳе, ки то соли 2022 пеш гирифта буд, баргардад.
Ба гуфтаи вай, роҳи ин кишвар бо дахолати пинҳонӣ ва пӯшида ба муқобили Русия хос буд, ки ҳадафаш тобеъ кардани он ба манфиатҳои баъзе дигар кишварҳое буд.
Путин таъкид кард, ки Маскав чун ҳама ширкаткунандагон ҷонибдори риояи қоидаҳои муқарраршуда ва тасдиқшуда дар сиёсати байналмилалӣ мебошад.