Оверчук: Созишномаи тиҷорати озоди ИИАО ва Эрон савдоро 35% афзоиш дод

Муовини нахуствазири Русия иттилоъ дод, ки чунин созишнома бо Индонезия низ, то охири сол имзо мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва созишномаи тиҷорати озоди Эрон гардиши молро фавран 35% афзоиш доданд.
Дар ин бора, муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар пайи нишасти Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Минск ба хабарнигорон гуфтааст, гузориш медиҳад ТАСС.
"Созишномаи тиҷорати озод бо Ҷумҳурии Исломии Эрон алакай ба таври фаъол иҷро мешавад. Гузашта аз ин, аз моҳи май, вақте ки он эътибор пайдо кард, мо аллакай дар моҳи июл афзоиши қобили мулоҳизаи 35 дарсадии тиҷорати мутақобиларо мушоҳида кардем", - гуфт муовини нахуствазир.
Вай ҳамчунин эълом кард, ки интизор меравад то охири сол як созишномаи мушобеҳ бо Индонезия имзо шавад.
Ба гуфтаи ӯ, феълан расмиёти созишнома омода карда мешавад.
"Шарикони мо, аз ҷумла, Узбекистон, кишвари нозир дар ИИАО ва як қатор кишварҳои дигар ба созишномаи имзокардаи кишварҳои узви ИИАО, ки барои кишварҳои сеюм кушода аст, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд", - гуфт ӯ.
Ин созишнома дар бораи транзити гумрукӣ дар доираи ИИАО аст, ки асосан ба соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва фароҳам овардани шароит барои убури бефосилаи сарҳади хориҷӣ ва дохилӣ нигаронида шудааст.
Бозоргоҳҳои маҷозии ИИАО мехоҳанд ба бозори Эрон роҳ ёбанд
Муовини сарвазири Русия дар хотима гуфтааст, ки миқдори хеле зиёди ташаббусҳое амалӣ мешаванд, ки ба рушди иқтисодии кишварҳои ИИАО таъсири воқеии мусбат мерасонанд.