ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар Тоҷикистон 306 нафар шаҳрванди аз 100-сола боло умр ба сар мебаранд.
Тибқи омори расмӣ аз ин шумор 169 нафараш мард ва 137 нафари дигар зан мебошанд.
Ҳамчунин Агентии омори Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ ба 76,6 сол расидааст.
“Дарозумрии миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст, ки инро масъулин ба беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва хидматрасонии тиббӣ барои куҳансолон рабт медиҳанд”, - таъкид намудаанд мутахассисони Агентии омори Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ахири Агентӣ шумораи аҳолии кишвар ба ҳолати 1 июли соли 2025 бо дарназардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 миллиону 603,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, давоми шаш моҳи аввали моҳи соли 2025 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2,1% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон ба иттлои ҳамин мабаъ, дар нимсолаи якуми соли 2025 нисбат ба нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 2,1% зиёд шудааст.