"Тесла" -ро бо дастонаш сохт: Хонандае аз шаҳри Исфара мошини варзишӣ ихтироъ кард – видео

Муҳаррики мошин то 2 киловатт қувва истеҳсол мекунад, аккумуляторҳои он 6 х 12 волт ва 80 ампер иқтидор доранд. Мошин инчунин реҷаҳои гуногуни рондан: варзиш, бароҳат ва экоро дорост
Sputnik
Нурмуҳаммад Аминҷонов, хонандаи синфи 10 аз Исфара, давоми як сол бо дастони худ мошини варзишӣ сохт.
Хонанда дар озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорони "Илм – фурӯғи маърифат" ширкат карда, соҳиби ҷоиза гардид.
Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи чӣ гуна сохтани мошин ва нақшаҳояш суҳбат кард.
Ба гуфтаи Нурмуҳаммад, ӯ се сол боз дар ин озмун ширкат мекунад ва ин дафъа азми пирӯзӣ дошт.

"Ҳар ҷо, ки мошинҳо зиёданд, ихтироъҳо зиёданд ва ман мехостам чизи нав эҷод кунам. Ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ мошини Tesla Cybertruck-ро дидам, ки арзиши он қариб 100 ҳаз доллар аст ва мехостам аз рӯи ин тарҳ мошини шахсии худро созам", - нақл кард ихтироъкор.

Муҳаррики мошин 2 киловатт, аккумулятори он 6 х 12 волт ва 80 ампер иқтидор дорад.
Дар Тоҷикистон то соли 2028 миллионҳо талаба ба дарсҳои зеҳни сунъӣ фаро гирифта мешаванд
Мошин инчунин реҷаи гуногуни рондан: варзиш, бароҳат ва экоро дорост.
Дар реҷаи "варзиш" мошин ба таври дигар кор мекунад. Ҳоло худрав қодир аст бо суръати 80 км/соат ҳаракат кунад.
Тафсилоти бештарро аз видеои мо дарёбед.