ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, дидан намуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ин намоишгоҳ ба президенти кишвар хабар доданд, ки ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 7 ҳазору 116 тонна картошка, 7 ҳазору 39 тонна ғалладонагӣ, 7 ҳазору 646 тонна меваҷот, 6 ҳазору 97 тонна сабзавот, 155 тонна ангур, 9 тонна полезӣ, 10 ҳазору 755 тонна шир, 2 ҳазору 156 тонна гӯшт, 53 тонна асал, 2,8 тонна моҳӣ ва 48 миллиону 375 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Сипас раисҷумҳур дар маркази ноҳияи Файзобод майдони Парчами давлатиро ба истифода дод.
Қайд карда шудааст, ки майдони Парчами давлатӣ ба таври муосир ва бо унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон 55 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Ҳамчунин, дар майдони муқаддасоти миллӣ Эмомалӣ Раҳмон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд.
Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр мебошад.
Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти ноҳияи Файзобод ва саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Файзобод бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.
Бино аз се ошёна иборат буда, дар масоҳати 375 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ аз ҷониби аъзои ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст.
Сипас Президенти кишвар дар ноҳияи Файзобод бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияро мавриди истифода қарор дод.
Иншооти мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав 14 мутахассис фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Фаъолияти ҳамарӯзаи мутахассисони марказ ба чор самт – фитосанитарӣ, қонунгузорӣ, байторӣ ва карантин равона гардидааст.
Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор дод.
Бояд қайд кард, ки 20 сентябри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳия санги асос гузошта буданд.
Дар ҳамин ҷо президенти Тоҷикистон, ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Шаҳтакиён ва Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 6-и деҳаи Шаҳтакиёни ноҳия, ки Баҳор номгузорӣ шудааст.
Ҳоло дар ноҳияи Файзобод 68 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ ва 4 кӯдакистон бо фарогирии зиёда аз 30 ҳазор хонанда фаъолият доранд.
Дар ноҳияи Файзобод Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуд.
Дар асоси нақшаи генералӣ, шаҳраки нав дар масоҳати 163 гектар тарҳрезӣ шуда, барои аҳолии зиёда аз 90 ҳазор кас пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи хулосаи мутахассисон, татбиқи лоиҳа дар ду марҳила сурат мегирад.
Қайд карда шудааст, ки дар қисми ҷанубӣ иншооти маъмурӣ ва хонаҳои аз 6 то 10 ошёна, дар қисмати дигари шаҳрак биноҳои аз 9 то 14 ошёна бунёд хоҳанд шуд.
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки таҷдиди маркази маъмурии Ҷамоати шаҳраки Вашгирд низ дар назар дошта шудааст.