ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи август 3,1%-ро ташкил додаааст, ки нисбат ба моҳи июл, ки 3,5% ташкил медод, андаке поин рафтааст.
Дар ин бора коршиносони Бонки АвруОсиёи Рушд (БАОР) дар шарҳи ҳарҳафтаинаи макроиқтисодии худ хабар додаанд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки афзоиши нархҳо дар кишвар дар доираи ҳадафҳои Бонки миллӣ (5±2%) боқӣ мемонад.
Ҳамзамон, таҳлилгарон омилҳои асосии ҷилавгирӣ аз таваррумро дар кишвар муайян кардаанд.
Бар асоси ин гузориши БАОР, ин нархи мӯътадили колоҳои воридотӣ, пеш аз ҳама, нерӯи барқ ва суботи пули миллӣ мебошад.
Коршиносони Бонки АвруОсиёии Рушд қайд карданд, ки тибқи пешбиниҳо дарохири соли 2025 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 3,3%-ро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, тибқи пешгӯиҳои таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии рушд, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар афзоиши ММД миёни кишварҳои БАОР пешсаф мебошанд.
Дар давоми ду соли оянда рушди иқтисод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.
Масалан, иқтисоди Тоҷикистон бо афзоиши саноати истихроҷи маъдан ва металлургия, ба хусус баланд шудани нархи тилло рушд дорад.
Дар Қирғизистон ин аз ҳисоби сармоягузорӣ ба сохтмон ва энергетика ва дар Узбекистон аз ҳисоби талаботи дохилӣ ва сармоягузориҳои зерсохторҳо рушд ба қайд гирифта шудааст.