ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия қасд доранд дар соҳаи идоракунии рақамии молия ҳамкорӣ кунанд.
Ин масъаларо вазирони молияи Тоҷикистону Русия Файзиддин Қаҳҳорзода ва Антон Силуанов баррасӣ кардаанд.
Сиёсатмадорон ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи идоракунии молияи рақамӣ, назорати қарзи давлатӣ ва дигар бахшҳо густариш диҳанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати молияи Тоҷикистон, дидори вазирон дар чорчӯби ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Маскав сурат гирифтааст.
Қаҳҳорзода ва Силуанов густариши ҳамкориҳои муштаракро баррасӣ намуда, омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии рақамии молия, назорати қарзи давлатӣ ва табодули таҷриба дар барориши коғазҳои қиматнок, аз ҷумла коғазҳои қиматноки "сабз" изҳор намудаанд.
Онҳо инчунин имкони дастгирии таҳияи лоиҳаҳоро бо ҷалби институтҳои рушд ва таҳияи механизмҳои нави маблағгузорӣ омӯхтанд.
Ҳамчунин, дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои молияи ду кишвар баррасӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Маскав ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия бо ширкати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин баргузор шуд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энержӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва ғайра баррасӣ карданд.
Иштироккунандагони мачлис изхор намуданд, ки тайёранд, имконияту захирахои мавчударо васеъ ва самаранок истифода баранд.