ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз иқдомоти маҷбурии якҷониба, ки Оинномаи Созмони Милалро нақз мекунанд, изҳори назар карданд.
Дар ин бора дар изҳороти муштарак ба муносибати 80-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид гуфта шудааст.
"Мо ба иқдомоти маҷбурии якҷониба, ки хилофи Оинномаи СММ ҳастанд ва ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд, мухолифем", - омадааст дар изҳороти вазирони корҳои хориҷии СПАД, ки дар торномаи Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст.
Дар ҳуҷҷат таъкид шудааст, ки чунин амалҳо дурнамои татбиқи барномаи рушди устуворро ба таъхир меандозанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД баргузор шуд. Дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ширкат дошт.
Зимни мулоқот вазир бар зарурати густариши ҳамкориҳои амниятӣ миёни кишварҳои СПАД изҳор доштанд.