ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар Тошканд бо Ниғматилло Юлдошев, ҳамтои узбеки худ мулоқот кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии додситонии кулли Тоҷикистон, ин музокирот дар чорчӯби 6-умин нишасти додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ сурат гирифтааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои кишварҳо ва масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллиро баррасӣ кардаанд.
Воҳидзода ва Юлдошев, аз ҷумла, талошҳои муштарак алайҳи терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои интернетиро баррасӣ кардаанд.
"Прокуратураи генералӣ сатҳи баланди ҳамкориҳо ва омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо таъкид намуда, содиқ будани худро ба принсипҳои эҳтироми мутақобила ва ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини суботу амният дар минтақа бори дигар тасдиқ намуданд", — омадааст дар хабарномаи Додситонии кулли Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25-уми сентябр дар Тошканд ҷаласаи Додситонии кулли кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шуда, аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷаласа ҳайати Додситонии кулли ҷумҳурӣ таҳти раҳбарии Ҳабибулло Воҳидзода ширкат дошт.
Дар ин нишаст ҳамчунин додситонҳои кулли Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ва Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат доштанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бо коррупсия, таҳкими талошҳои ҳифзи муҳити зист ва хатару таҳдидҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро баррасӣ намуда, таъкид намуданд, ки муборизаи беамон бо ин хатару таҳдидҳои афзоянда таҳкими ҳамкориҳои ҳуқуқии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзоро тақозо мекунад.
Дар ҷамъбасти мулоқот Эъломияи Тошканд қабул ва нақшаи ҳамкорӣ тасдиқ гардид.