Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 100-умин солгарди дипломатияи мардумӣ намоишгоҳи бадеии "Якҷоя" кушода шуд.
Чунон ки мухбири Sputnik Точикистон маълум кард, дар намоишгоҳ асарҳои 19 рассом — аъзоёни Иттифоқи рассомони кишвар гузошта шудаанд.
"Тасодуфан нест, ки мо намоишгоҳро "Якҷоя" номидем: халқҳои мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ якҷоя ҷангидаанд, кишвари муштараки худро якҷоя сохтанд ва ҳоло мо якҷоя ин қадар корҳои зиёдеро анҷом дода истодаем", — гуфт Андрей Патрушев, директори Хонаи Русия дар Душанбе дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин робитаро куратори намоишгоҳ Манзура Ӯлҷабоева, муовини раиси Иттифоқи тарроҳони Тоҷикистон низ қайд кард.
Тафсилоти намоишгоҳро дар видеои Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.