ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳаҷми савдои миёни Русия ва Тоҷикистон 13% афзудааст.
Ҳамин тавр, давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Русия ва Тоҷикистон ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13% дарсадро ташкил дод.
Дар ин бора, зимни ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия хабар дода шуд.
Ин ҷаласа бо иштироки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор гардидааст, хабар медиҳад Вазорати энержии Тоҷикистон.
Дар нишаст масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энержӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо баррасӣ шудааст.
"Соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Русия 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023, 200 млн доллар зиёд аст", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, давоми 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13%-ро ташкил дод.
Ҷонибҳо ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда изҳор намудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то охири соли 2024 ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 15% бештар аст.
Қаблан дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз тасмими то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани табодули коло миёни кишварҳо хабар дода буд.