ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабардодааст.
Рустами Эмомалӣ зимни суханрониаш дар форум таъкид намуд, ки баргузории мунтазами Форуми мазкур нишонаи эҳтиром ба арзишҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ифодаи талоши устувори кишварҳои минтақа дар роҳи таҳкими эътимод, муколама ва ҳамкорӣ ба нафъи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.
© Foto / Пресс-служба Рустама Эмомали
Вай гуфт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба шарофати саъйю талошҳои созанда ва сиёсати пайгиронаву босуботи Сарони давлатҳои он имрӯз тадриҷан ба минтақаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд табдил меёбад.
“Муҳимтар он аст, ки аз самараи барқарории фазои сифатан нави дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эътимод дар минтақа, пеш аз ҳама, халқҳои ба ҳам дӯсту бародари Осиёи Марказӣ баҳравар мегарданд”, - қайд кард Рустами Эмомалӣ.
Ҳамчунин хабар додааст, ки дар доираи рӯзномаи форум иштирокдорон масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди рақамикунонии иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд карда шудааст, ки аз рӯи ин масъалаҳо дар бахшҳои алоҳидаи форум муҳокимаҳои судманд сурат гирифтанд.
Зикр гардидааст, ки бо натиҷагирӣ аз кори Форум Декларатсияи Бишкек қабул карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 23 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон сафар намуд.
Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.