Нерӯҳои Русия дар Купянск як гурӯҳи бузурги сарбозони украиниро дар муҳосира гирифтаанд

Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки сарбозони артиш дар шаҳраки Купянск аз 8667 бинои шаҳр 5667-тоашро зери назорат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Купянск як гурӯҳи бузурги артиши Украинаро дар ним муҳосира гирифтаанд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
"Артиши Русия қувваҳои калони душманро аз тарафи шимолу ғарби ин минтақа ним муҳосира карда. Сарбозони украиние, ки дар ниммуҳосира ҳастанд миллатгароён аз гурӯҳи “Фрайкорпс”, террористони отряди ба ном "Корпуси ихтиёрии Русия", "Қушунҳои махсуси иктишофии артиши Украина мебошанд.
Купянск як маркази муҳими дифоъии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар қисмати шарқии вилояти Харков аст. Аз он роҳҳои таъминоти гурӯҳи Украина мегузаранд.
Ба иттилои вазорати дифоъи Русия дар маҷмӯъ, ҷангҷӯён то 700 сарбози украиниро муҳосира кардаанд, ки 250 нафари онҳо аллакай кушта шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои вазорати дифои Русия артиш ин кишвар аз 8667 бинои шаҳр 5667-тоашро зери назорат гирифтааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, Путин ба ҳалли мусолиматомези буҳрони Украина манфиатдор аст
Танҳо дар як моҳи охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 1800 сарбоз, 36 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯш, ду мушакандози MLRS, 137 тӯпхонаи саҳроӣ ва миномётро аз даст додаанд.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина шаҳракро ба як минтақаи пурқудрати мустаҳкам табдил додаанд.
Вазорат дифои Русия афзуд, ки ишғоли Купянск ба Қувваҳои Мусаллаҳи Русия имкон медиҳад, ки ҳамлаи амиқ дар минтақаи Харков, аз ҷумла дар самтҳои Изюм ва Чугуевро анҷом диҳад.