ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар мулоқот бо ҳайати дастаи футболи "Хуҷанд", таъкид кард, ки дар вилояти Суғд бо мақсади рушди футбол зеррасохтори зарурӣ муҳайё буда, дастаҳои футболи вилоят дар чемпионатҳои сатҳи гуногун иштирок доранд.
Вай қайд кард, ки айни замон, се даста аз вилояти Суғд дар лигаи олӣ ҳунарнамоӣ доранд, ки ин нишондиҳандаи рушди футбол дар вилоят мебошад.
Раиси вилоят таъкид кард, ки фаъолияти дастаи “Хуҷанд” бояд бознигарӣ шавад.
“Имконияти дастаи “Хуҷанд” васеъ аст ва роҳбарият, мураббиён ва бозингарон бояд тамоми неруи худро барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд равона созанд,” – илова кард Раҷаб Аҳмадзода.
Раиси вилоятҳамчунин аз масъулин даъват кард, ки онҳо бояд ба рушди футбол ва оммавияти он, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба футбол, тарбияи футболбозони касбӣ, ҳунарнамоии арзандаи даста дар мусобиқоти сатҳи олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
© Foto / Пресс-служба администрации Согдийской области
Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти клуб ва мураббиён дастур дод, ки машқу тамринҳо мунтазам ва бо сифати баланд гузаронида шуда, барои бозиҳои оянда омодагии ҷиддӣ дида шавад.
Раиси вилоят ҳамзамон зарурати ҷалби истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи касбии бозингаронро зикр намуда, афзуд, ки “Хуҷанд” ҳамчун яке аз дастаҳои маъруфи кишвар бояд мавқеи сазовори худро дар лигаи олӣ барқарор намояд.
Ҳайати даста ба раиси вилоят ваъда доданд, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарият ва ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.