ТАЛКО ҳамкориҳояшро бо Русия тақвият мебахшад

ТАЛКО – яке аз бузургтарин тавлидкунандаи алюминий дар Осиёи Марказӣ мебошад ва иқтидори тавлидотии он 517 ҳазор тонна дар як сол мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Масъулини Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон бо нроҳбарияти Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дидори корӣ анҷом доданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии тиҷоратии Русия хабар додааст.
Мулоқот дар бинои ширкат дар шаҳри Турсунзода баргузор шудааст.
Дар ин чорабинӣ намояндаи тиҷоратии Русия Александр Рибас ва муовини мудири кулли ТАЛКО Мунтасир Ҳасанов масъалаҳои муносибатҳои корӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои русиро дар заминаи таҷдиди корхонаҳо баррасӣ карданд.
ТАЛКО гуфт маҳсулоташро ба куҷо содирот кардааст
Инчунин тарафҳо ба масъалаи ирсоли таҷҳизоти зарурӣ барои тавлидотро таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
ТАЛКО яке аз бузургтарин тавлидкунандагони алюминий дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Иқтидори корхона 517 ҳазор тонна алюминий дар як сол мебошад. Дар ин давра корхона метавонад 360 000 тонна анодҳои пухта тавлид кунад кунад, хабар медиҳад намояндагии тиҷоратии Русия.