Аз нафт то қаҳва: табодули колои кишварҳои ИИАО бо Куба дар ҳоли афзоиш аст

Куба барои кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳи хос дорад ва табодули колои бо ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Табодули коло байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Куба афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Бакитҷон ​​Сагинтаев, раиси Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё зимни мулоқот бо Намояндаи доимии Куба дар ИИАО ва сафири Куба дар Русия Хулио Антонио Гармендия Пеняле изҳор доштааст.
Ба иттилои манбаъ, тарафхо доираи васеи масоилро баррасӣ карданд. Ҳамкориҳои ИИАО ва хукумати Куба низ муҳокима гардиданд.
Нақшаи чорабиниҳои муштарак 34 самти ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷорат, бонкдорӣ, молия, биотехнология, кишоварзӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар бар мегирад.
"Мо пешрафтро дар гардиши мол байни кишварҳои ИИАО ва Куба мушоҳида дорем. Дар соли 2024 он нисбат ба соли 2015 13,9% афзуда, тақрибан 241 миллион долларро ташкил дод", - гуфт Бакитҷан ​​Сагинтаев..
Кишварҳои ИИАО ба Куба нафт ва маҳсулоти нефтӣ, гандум, худрав ва қисмҳои худрав, асбобхои гуногуни электронӣ ва ғайра мефиристанд.
ВУХ Русия дар бораи узвияти кишварҳои нав дар ИИАО гуфт
Кишварҳои ИИАО ба қаҳва ва маҳсулоти тамоку аз Куба талабот доранд.
Куба инчунин барои шаҳрвандони ИИАО аз нуқтаи назари сайёҳӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.
Дар соли 2024 аз Куба беш аз 185 ҳазор сайёҳон аз панҷ кишвари АвруОсиё дидан карданд, ки рекорд аст.