ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, зери унвони "Табобати саратон бо шири гов" - ро беасос ва ғайритиббӣ хонд.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки гуё сокини ноҳияи Кӯшониён Аловиддин Саидаҳмадов, табобати бемории саратонро бо истифода аз шири гов ёфтааст.
Ин масъала аз ҷониби мутахассасисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар Хатлон, сармутахассисони ғайривоҳидии Раёсати тандурустӣ оид ба бемориҳои саратоншиносӣ, дар ҳузури Саидаҳмадов таҳлил шудааст.
Вазорат маълум карда, ки номбурда ягон маълумоти олии тиббӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти тибби халқиро надошта як нафар беморе, ки гуё ӯ табобат намудааст, танҳо бемории захми меъда (язва) доштааст.
Вазорат таъкид карда, ки нашри ингуна изҳорот на танҳо хилофи стандартҳои тибби муосир аст, балки он метавонад боиси хатар ба саломатии беморон ва таъхири муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон гардад.
Айни ҳол Саидаҳмадов дар ҶДММ “Хатлонтранс”-и Бохтар ба ҳайси мусофиркашон фаъолият менамояд.
Шири гов метавонад ҳамчун як унсури ғизоии муфид дар парҳези умумӣ бошад, вале таблиғ кардани он ҳамчун "табобати саратон" амали беасос, хатарнок ва ғайритиббӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ аз сокинони кишвар даъват карда, ки танҳо ба табибон ва муассисаҳои расмии тандурустӣ муроҷиат намоянд ва ҳеҷ гоҳ ба маслиҳатҳои шахсони тасодуфӣ дар интернет бовар накунанд.