Тоҷикистон яке аз амнтарин кишвари ҷаҳон дониста шуд

Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми сеюмро ишғол карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои амнтарини дунё табдил ёфтааст.
Слзмони "Global Safety report" радабандии кишварҳои амнтарини оламро дар соли 2025 тартиб додааст.
Тибқи гузориши созмони GALLUP Тоҷикистон миёни давлатҳои амнтарини дунё дар мақом дуюм ҷойгир шудааст.
Тибқи натоиҷи назарсанҷӣ, ки дар 142 кишвар гузаронида шудааст, 95% аҳолии кишвар ҳангоми сайругашти шабона худро дар Тоҷикистон комилан дар амн эҳсос менамоянд.
Дар даҳгонаи кишварҳои амнтарини ҷаҳон Сингапур (98%), Тоҷикистон (95%), Чин (94%), Уммон (94%), Арабистони Саудӣ (93%), Кувайт (91%), Норвегия (91%), Баҳрайн (90%) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (90%) қарор гирифтанд.
Ба кишварҳои номни ҷаҳон Чад, Миёнмар, Зимбабве, Чили, Эквадор, Либерия, Африқои Ҷанубӣ ва ғайра дохил шудаанд.
Сайёҳати бароҳат: Дар Душанбе портали сайёҳӣ рӯнамоӣ шуд
Солҳои охир Тоҷикистон байни давлатҳои ҷаҳон борҳо ба даҳгонаи кишварҳои амнтарин шомил гардидааст.
Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми сеюмро ишғол карда буд.