Тамриноти сарбозони тоҷик дар доираи СААД "Сарҳад-2025" дар Қирғизистон анҷом ёфт

Дар машқҳо ба ҷуз аз Тоҷикистон низомиёни Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ва гурӯҳҳои зудамали созмон ширкат доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Машқҳои низомии "Сарҳад-2025"-и Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар Қирғизистон ба анҷом расиданд.
Ба онҳо воҳидҳои Нерӯҳои зудамали дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб карда шуданд, хабар медиҳад Вазорати дифоъи ҷумҳурӣ.
"Дар маркази таълимии "Эдельвейс"-и Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар Баликчӣ ва дар қисмати кӯли Иссиқкӯл машқҳои фармондеҳию ситодӣ бо воҳидҳои Нерӯҳои зудамали дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ "Рубеж-2025" ба анҷом расиданд", - омадааст дар хабарнома.
Дар ин машқҳо сарбозони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ва гурӯҳҳои фаврии Ситоди муштарак ва котиботи СААД ширкат доштанд.
1 / 2
2 / 2
Ҳадаф аз баргузории машқҳо такмили маҳорати амалӣ дар гузаронидани амалиёти ҷангӣ, ки ба маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави кишвари иштирокчии иттиҳодия зада даромадаанд, иборат буд.
Низомиёни тоҷик дар тамриноти СААД дифоъ аз ҳамлаи бесарнишинро машқ карданд
Ғайр аз ин, сарбозон ташкили амалиёти ҷангиро барои нест кардани душман дар шароити куҳсор машқ карданд.
Дар машқҳо тақрибан 1200 нафар ва 500 воҳиди низомӣ ва техникаи махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва катерҳои ҷангӣ ҷалб карда шуданд.