Раҳимзода ва Колоколтсев масолили муҳоҷирати меҳнати ва экстремизмро барасӣ карданд

Вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар дар Русияро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва киберҷиноятҳоро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ВКД мулоқоти ду вазир дар ҳошияи Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифтааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки тарафҳо ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия таваҷҷуҳи хос доданд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.
Тоҷикистон аз мушкилоти иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнати дар ҳудуди Русия гуфт
Қаблан Рамазон Раҳимзода эълон карда буд, ки ҷаласаи навбатии ҳайъати муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия дар охири моҳи сентябр баргузор мешавад.
Вай гуфт, дар ин нишаст масоили марбут ба иқдомот алайҳи афроди таҳти пайгард баррасӣ мешавад.
Инчунин дар ин ҷаласа табодули иттилоъот дар заминаи ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо баррасӣ мешавад.
Ҷаласаҳои мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар аз соли 1999 ҳамасола баргузор мешаванд.